Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳпаймоиҳои саросарӣ алайҳи нобаробарии иқтисодӣ


Тазоҳургарон дар саросари ҷаҳон рӯзи шанбе алайҳи ҳарисии ширкатҳои байналмилалӣ ва нобаробарии иқтисодӣ раҳпаймоӣ карданд. Дар Аврупо дар баробари қароргоҳи Бонки Марказии Аврупо дар шаҳри Франкфурти Олмон ҳазорон нафар тазоҳурот карданд. Дар Рум пойтахти Итолиё даҳҳо ҳазор нафар даст ба тазоҳуроти эътирозӣ задаанд. Дар инҷо чанд мошин ба оташ кашида шуд ва дар идораи чанд бонк низ харобкорӣ сурат гирифт. Тазоҳурот илҳомгирифта аз ҳаракати амрикоии “Ишғоли Уолл Стрит” ва ҳаракати “Ошуфтаҳо” аст ва интизор меравад, дар 950 шаҳри 82 кишвари ҷаҳон баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG