Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи моддаи заҳрогин дар як садама дар Украина


Бар асари як садамаи нақлиётӣ дар ғарби Украина, моеъи заҳрогини химиявие хориҷ шудааст, ки барои сиҳатии инсон хатарнок аст. Ба гузориши бахши украинии Радиои Озодӣ, ҳодиса шоми панҷшанбе дар шаҳри Лвов ба вуқӯъ пайвастааст. Мошини ҳомили моддаи химиявии «мононитхлоробензол» ба симчӯби сари роҳ бархӯрда ва сарнагун шудааст ва яке аз бӯшкаҳои он низ таркидааст. Ронанда дар маҳалли ҳодиса ҳалок шудааст. Мақомоти Украина мегӯянд, маҳалҳои маскунӣ аз ҷойи ҳодиса дуранд ва зарурате барои кӯч додани мардум ба ҷойи амн вуҷуд надорад.
XS
SM
MD
LG