Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи нокоми ҷангҷӯён ба як пойгоҳи Афғонистон


Дар Афғонистон зимни як ҳамлаи интиҳорӣ ба як пойгоҳи Амрико дар вилояти Панҷшер чаҳор ҷангҷӯ кушта шудаанд. Муҳаммамадқасими Паймон, фармондеҳи амниятии вилояти Панҷшер ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор маргталаб хостаанд, бо мошин вориди пойгоҳи низомиёни Амрико дар минтақаи Рухо шаванд, ки дар натиҷа карда ду ғайринизомиро кушта ва ду муҳофизи пойгоҳро маҷрӯҳ кардааст. Эбонӣ Кейлҳан, сухангӯи НАТО гуфт, ба низомиёни Амрико осебе нарасидааст ва пойгоҳ ҳам осеби ҷиддӣ надидааст. Толибон масъулияти ин ҳамларо бар ӯҳда гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG