Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико баёнияи мақомоти Эронро рад кард


Ҳукумати Амрико таъкид кард, ки бо мақомоти Эрон дар робита ба қазияи “дасисаи террори” сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтон тамоси мустақим доштааст, агарчӣ давлати Эрон мегӯяд, чунин тамосе сурат нагирифтааст. Виктория Нуланд, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико, рӯзи ҷумъа таъкид кард, ки дидор бо мақомоти эронӣ сурат гирифтааст, аммо нагуфт, дидор бо кӣ ва дар куҷо будааст: "Ман бори дигар таъйид мекунам, ки мо бо эрониҳо дидор доштем. Ду рӯзи пеш буд. Онҳо инро бисёр хуб медонанд ва ҳар талоше барои инкор кардани ин воқеъият, намоёнгари он аст, ки чи гуна эрониҳо дар чунин умур ростқавл ҳастанд." Пештар аз ин намояндаи Эрон дар Созмони Милал гуфт, хабари тамоси мустақими Амрикову Эрон бар сари қазияи сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтонро рад кард. Сешанбеи гузашта мақомоти Амрико гуфтанд, тарҳи «дасисаи сӯиқасд» ба ҷони Одил Ал-Ҷубайр, сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтонро ошкор карданд, ки онро маъмурони амниятии Эрон тарҳрезӣ кардаанд. Мақомоти Амрикро ду эронитаборро ба даст доштан дар ин тарҳ муттаҳам карда ва яке аз онҳоро моҳи гузашта боздошт кардаанд. Эрон мегӯяд, ин як қазияи сохта аст.
XS
SM
MD
LG