Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг дар пойтахти Либия се кушта бар ҷой гузошт


Шӯрои миллии гузори Либия мегӯяд, дар ҷанге миёни ҳаводорони Муаммар Қаззофӣ, раҳбари суқуткардаи кишвар ва нерӯҳои ҳукумати муваққат дар шаҳри Троблус се нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи Абдул Разоқ ал-Убайдӣ, сухангӯи Шӯрои миллии гузор, дар ин ҷанг ду тарафдори Қаззофӣ, як размандаи нерӯҳои муваққат кушта ва тақрибан 30 тани дигар захмӣ шуданд. Муноқишаи рӯзи ҷумъа дар ноҳияи Абусалим дар пойтахти Либия нахустин муқовимати ҷиддии тарафдорони Қаззофӣ дар ин шаҳр аст, ки моҳи август аз тарафи шӯришиён ишғол шуд ва ба ҳукумати 42-солаи Қаззофӣ дар Либия хотима дод. Шӯришиёни Либия ҳамчунин саъй доранд, шаҳри Сирт, зодгоҳи Қаззофиро тассаруф кунанд, ки куҷо буданри худи ӯ маълум нест.
XS
SM
MD
LG