Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Акбари Саттор: "Ҳадафи мо бештар кардани узви ИЖ нест"


Акбари Саттор дар Анҷумани ёздаҳуми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Душанбе, 14 октябр

Акбари Саттор дар Анҷумани ёздаҳуми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон. Душанбе, 14 октябр

Акбари Саттор дубора ва бидуни рақиб раҳбари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб гардид.

Муҳимтарин таҳаввули анҷумани 11-уми Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон интихоби дигарбораи Акбари Саттор ба унвони раиси ин иттиҳодия буд.
Баҳси дигари бархе аз вакилони Анҷумани журналистон ин буд, ки раис ва аксари аъзои раёсати нави Иттиҳодияи журналистон масъулини расонаҳо интихоб шудаанд...

Интихоби ӯ ба ин мақом кори қобили пешбинӣ буд ва ҳамчунон бидуни рақиб дубора номзад шуд ва бо иттифоқи оро барои панҷ соли дигар ба симмати созмони собиқадортарини журналистони Тоҷикистон баргузида шуд. Оқои Саттор мегӯяд, барномаи ӯ дар панҷ соли оянда идомаи барномаи панҷ соли гузашта хоҳад буд. Яъне такмили Иттиҳодияи журналистон, ки бештару беҳтар битавонад барои ҳалли масоили рӯзномагирон ва рӯзноманигорӣ мусоидат кунад.

Акбари Саттор мегӯяд: "Барномаи мо асосан такмил додан аст. Ҳар он барномаеро, ки натавонистем иҷро кунем ва ё нимакора доштем, мехоҳем онро ба иҷро бирасонем. Масалан, мехостем як маркази таҳқиқоти журналистӣ дошта бошем, рӯзномаи "Сухан"-ро дубора нашр кунем, ки натавонистем. Аъзоро ҷавон кунем, аъзои раёсатро хеле ҷавон кардем. Аммо ҳадаф зиёд кардани аъзо нест. Дар раёсат мавқеъ ва нукта назарҳои мухталифро ҷой додем, ки барои ҳалли бисёр масъалаҳо мусоидат мекунад."

Гуфтанист, ки ҳамчунин Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи мустақили “СССР”, ба унвони номзад ба раёсати Иттиҳодияи журналистон аз сӯи бархе вакилон муаррифӣ гардид, вале ӯ номзадии худро бозпас гирифта ва вориди рақобат нашуд. Оқои Сайёф ин иқдоми худро ба вазъи сиҳатии худ марбут донист ва гуфт, сиҳаташ феълан ба ӯ ин имконро намедиҳад, ки ин масъулиятро бар ӯҳда бигирад.

Аммо тасаввуроти комил ин аст, ки Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон мисли Иттиҳодияи нависандагони кишвар ҳамчунон як созмони зери нуфузи ҳукумат ва ҳоло дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ боқӣ мондааст ва аксари ҳозирин дар ин анҷуман низ масъулини ниҳодҳо ва расонаҳои давлатӣ ё умдатан собиқадорону ҳаводорони давлат буданд.





Баҳси дигари бархе аз вакилони Анҷумани журналистон ин буд, ки раис ва аксари аъзои раёсати нави Иттиҳодияи журналистон масъулини расонаҳо интихоб шудаанд. Дар ҳоле ки Иттиҳодияи журналистон як созмони ҳирфаист ва ҳадафи аслии он ҳимояи ҳуқуқи рӯзноманигорон мебошад. Вале аъзои раёсати Иттиҳодияи журналистон, ки ҳама масъулин ва корфармоён ҳастанд дар сурати пеш омадани бархӯрди манифатҳо дар тарафи кӣ қарор хоҳанд гирифт: Дар тарафи корфармо, яъне худашон ва ё дар тарафи ҷабрдида?

Қироншоҳи Шарифзода

Қироншоҳи Шарифзода

Қироншоҳи Шарифзода, вакили Анҷумани Иттиҳодияи журналистон ва устоди рӯзноманигорӣ дар Донишгоҳи миллӣ мегӯяд: "Мо гуфтем, ки фақат сардабирон ва моликони рӯзномаҳо дар раёсат набошанд. Журналистони қаторӣ ҳам бошанд ва кордиҳандаҳо аксариятро набояд дар раёсат ташкил кунанд. Зеро мо солҳои охир шоҳиди нақзи ҳуқуқи худи хабарнигорон аз сӯи корфармоҳо ҳастем. Вале, мутаассифона, пешниҳодҳо ба эътибор гирифта нашуданд ба ҳамин хотир ман зид овоз додам ба ҳайати раёсат."

Аммо Акбари Саттор, раиси Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, роҳи осонеро барои ҳалли чунин баҳсҳо пешниҳод мекунад. Ӯ мегуяд, ба манзури ҳалли баҳсҳои корӣ бояд Иттифоқи касабаи журналистон таъсис шавад. Ин дар ҳолест, ки худи Иттиҳодияи журналистон созмони коргарии рӯзноманигорон, яъне ба истилоҳ иттифоқи касаба ба шумор меравад.

Ба ҳар сурат, Акбари Саттор, ки барои бори дуввум раиси Иттиҳодияи журналистон интихоб шудааст, аз чеҳраҳои муҳим дар майдони расонаҳои Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва аз обрӯи хубе ҳам дар миёни маҳофили мухталифи журналистӣ бархӯрдор аст. Ӯ чандин нашрия, аз ҷумла “Чархи гардун”, “Вечерний Душанбе”, “Дайджест-Пресс”-ро дар ихтиёр дорад.

Дар панҷ соли пеш, баъди ба раёсати Иттиҳодияи журналистон нишастани Акбари Саттор, фаъолияти ин созмони журналистии бозмонда аз Шӯравии пешин ҷони дубора гирифт. Аммо боз ҳам бархе аз хабарнигорони тоҷик фаъолияти Иттифоқи журналистонро дар дифоъ аз ҳуқуқи журналистон муассир намедонанд, вале ин иттиҳодия ахиран дар чандин муроҷиати созмонҳои хабарнигорӣ имзо гузошта, мавқеи худро дар мавриди баҳсҳои додгоҳии нашрияҳо баён кардааст.

Дар анҷумани ёздаҳуми ИЖТ ҳамчунин масоили доғи фаъолияти матбуоти Тоҷикистон, аз ҷумла риояи ҳуқуқу озодиҳои хабарнигорон, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ва боло бурдани ихтисоси хабарнигорони тоҷик баррасӣ шуд. Ин дар ҳолест, ки ду соли ахир барои матбуоти мустақил ва хабарнигорони Тоҷикистон солҳои хубе набудааст, зеро чандин ҳафтанома ва хабарнигоронро мақомоти расмӣ бо иттиҳоми тӯҳмату бӯҳтон ба додгоҳ кашиданд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG