Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи халабонҳои рус ҳафтаи дигар давом мекунад


Ду халабони боздоштшудаи рус дар додгоҳ

Ду халабони боздоштшудаи рус дар додгоҳ

Владимир Садовничий-шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко-шаҳрванди Эстония ду халабони як ширкати ҳавопаймоии русӣ дар мурофиаи додгоҳӣ дар Қурғонтеппа иттиҳомот алайҳи худро рад карданд. Ин ду нафар барои қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз муттаҳам мешаванд. Ба парвандаи ин ду халабон Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон расидагӣ кардааст. Қозии мурофиаи додгоҳӣ Темур Боев то рӯзи сешанбеи 18-уми октябр дар мурофиа танаффус эълон кард. Онҳо капитанҳои экипажи ду ҳавопаймои ширкате бо номи “Ролкан Инвестмент ЛТД” мебошанд, ки 12-уми марти соли ҷорӣ дар Қӯрғонтеппа боздошт шуда буданд.
XS
SM
MD
LG