Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Каримов дар конфронсҳо роҷеъ ба Афғонистон ширкат меҷӯяд


Ислом Каримов

Ислом Каримов

Ислом Каримов-раиси ҷумҳури Узбакистон розӣ шудааст, ки дар ду конфронси роҷеъ ба Афғонистон, ки дар поёни соли ҷорӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард. Каримов 11 октябр бо Марк Гроссман ва Майкл Штейнер-намояндагони Амрикову Олмон барои Афғонистон дар Тошканд дидор ва гуфтугӯ кард. Штейнер баъд аз мулоқот гуфт, “мо хушҳол ҳастем, ки президент Каримов розӣ шуд, то дар ду конфронс-2 ноябр дар Истамбул ва 5 декабр дар Бон ширкат ҷӯяд. Гроссман гуфт, бахше аз ин конфронс ба Афғонистони баъд аз соли 2014 ихтисос дода мешавад, яъне Афғонистони баъд аз хуруҷи нируҳои хориҷӣ, аз ҷумла нируҳои амрикоӣ.
XS
SM
MD
LG