Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Боғчасарои Қрим наворбардории филми нави ҳунарӣ бо номи «Захираи тиллоӣ» шуруъ шуд.

Дар ин филми ҳунарӣ, ки мавзӯи меҳвариаш сарҳаду сарҳаддорӣ ва зиндагии мардуми ҳаммарз бо Тоҷикистон аст, гурӯҳе аз ҳунармандони тоҷик низ барои нақшофарӣ даъват шуданд. Нақшҳои асосии филмро ситораи синамои рус Сергей Мамаев ва Темур Баротов офаридаанд. Дар ин филм, ки қарор аст авохири моҳи декабр ба аз тариқи шабакаи телевизионии НТВ пахш шавад, Дмитрий Матов коргардонӣ кардаст.

Дар ҳоле, ки синамои тоҷик 20 сол боз дар гирдоби буҳрони амиқ фурӯ рафтааст, ҷалби ҳунармандон ба филмҳои сохти Русия ва Қазоқистон ягона имконест, ки тамошобин чеҳраи актёрҳои тоҷикро аз ёд набарад. Аммо нақшҳое, ки умдатан ба ҳунармандони тоҷик пешниҳод мешаванд, асосан нақшҳои ҷузъи ва бештар марбут ба олами ҷиноӣ ҳунармандони шинохтаи тоҷик дар онҳо ё нақши раҳбари ҳалқаи қочоқбарон ё муҳоҷири корӣ, ки кораш ба ҷиноят кашидааст, пешкаш шудаанд.

Аммо Исфандиёр Ғуломов ҳунарманди синамои тоҷик, ки дар филми “Захираи Тиллоӣ” нақши Бобои Сафарро бозӣ хоҳад кард мегӯяд, ин нақш ба ӯ писанд омадааст. Ӯ мегӯяд: «Бобои Сафар ба ман хеле писанд аст. Чунки ин пирамард хислатҳои наҷиб дорад. Ӯро мардум ва марзбонони русу тоҷику афғон ҳама дӯст медоранд. Барои Бобои Сафар фарқ надорад, ки марзҳо вуҷуд доранд ва монеаҳои зиёде ҳастанд. Ӯ чӣ қадар талош мекунад, ки масалан бародарашро, ки дар он сӯи марз аст дар Афғонистон аст, баргардад ва дар тӯи арӯсии додарзодааш иштирок кунад. Яъне барои ӯ сарҷамъии авлод, ҳамдигарфаҳмӣ дӯстӣ ба ҳамдигар кӯмак кардан, ҳамин чизҳо хеле муҳим аст аз сиёсатҳову марзҳо дида.”

Албатта нақш офаридан дар синамои рус, ҳатто агар нақши калидӣ ҳам набошад, барои ҳунармандони тоҷик хушшансӣ арзёбӣ мешавад. Зеро дар соҳаи синамо бисёр шудааст, ки нақшҳои ҷузъи бештар аз нақшҳои аввал арзиш доштаанд ва ҳунармандро маъруф кардаанд. Вале Маҳмадалӣ Муҳаммадиев, ҳунарманди синамо ва театри тоҷик, ки бо филмсозони Русия ва кишварҳои минтақа ҳамкорӣ дорад, мегӯяд, ки бархӯрди ҳамтоҳои рус бо ҳунармандони тоҷик аз давраҳои пеш фарқ дорад. “Дар гузашта актёрон ва нақшҳои пасту баланд, хубу манфурро ба миллатҳо мансуб намедонистанд. Чунки ҳунару истеъдод ва маҳорати ҳамдигарро хуб мешинохтанд ва баҳо медоданд.”- мегӯяд ӯ.

«Масалан ман дар чандин филмҳои машҳури русӣ, узбакӣ, озарбойҷонӣ ва ҳатто туркӣ ҳунарнамоӣ кардаам. Бештари филмҳое, ки ман бозидаам, филмҳои таърихӣ ва фалсафианд. Ҳамон солҳои СССР ва ҳоло ҳам маро даъват мекунанд. Лекин ман барои миллион сӯм ҳам розӣ намешавам, ки нақши як нашъаҷалалоб ё дузд ё ҷинояткорро бозӣ кунам. Дар ҳамин театри худамон ҳам маро ҳеҷ кас маҷбур карда наметавонад ба нақше, ки мувофиқи синну сол, ҷаҳони ботинӣ, маҳорати ман мувофиқ набошад, бозӣ кунам. Ман намехоҳам, ки дар ёди тамошобин бо як чеҳраи бади манфур бимонам. Ман дар филмҳои хориҷӣ нақши саркарда, вазир, ҳаким ва ҳатто султонро бозидаам.»


Аммо Исфандиёр Ғуломов мегӯяд, ки ҳамкорӣ бо филмсозони рус барои ӯ хеле муфид будааст. Ин як мактабест, ки бояд ҷавонони тоҷик бештару бештар ба он ҷалб шаванд: “Медонед дар муддати ин солҳо бо филмсозони хориҷа ҳамкорӣ кардам, бештар бо русҳо, ин ҳамкорӣ ҷаҳони ман, диди маро, сатҳи касбии маро хеле баланд бардошт. Барои ҳамин ҳам чуноне, ки медонем вазъи соҳаи филмсозии мо ҳоло ҳам фалаҷ аст, ман тарафдори ҳаминам, ки ҷавонони эҷодкори мо бештар рӯ оранд ба ҳунари филмсозии ҷаҳон. Масалан киноиндустрияи Росия хеле пеш рафтааст. Теника тамоман дигар аст шароит ва имконияти филмбардорӣ ба кулӣ фарқ мекунад. Ин қадар ширкатҳои зиёди филмсозӣ зиёд аст, ки...Ман қариб дар 40 филмҳои хориҷӣ нақш бозидам. Дар филми руси «Сарҳади давлатӣ” ва боз чандин то, ки нақшҳои марказиро бозидам, ҳамаи онро номбар кардан мушкил аст. Бо чӣ қадар коргардонҳои маъруф ва актёрони ҷаҳонӣ шинос шуда ва кор кардам. Албатта ин ҳамааш барои ҳунарманд муҳим аст.”

Синамои тоҷик, ки дар гузашта солона то 30 филми ҳунариву мустанад таҳия мекард ва ҳунармандонаш низ дар қаламравҳои дигар хушхарид буданд, баъди рукуди 20 сола, дигар натавонист ба по бихезад. Дар солҳои истиқлолият ҳеҷ коргардоне натавонистааст филмҳои ҳамсанги Борис Кимёгаров, силсилаи филмҳо бар пояи “Шоҳнома”, “Қиссаҳои Шаҳрзод”- и Тоҳир Собиров, филмҳои “Одам пӯсатшро иваз мекунад”, “Рояли сафед”, “Ҳодисае дар фурудгоҳ” , “Ниссо” –ро таҳия кунад. Чанд талоше, ки бо сармоягузориҳои ночиз анҷом шуд, номуваффақ буд ва чизе бештар аз як навори ҳаваскорона буд.

Қиёмиддин Чақалов ҳунарманди шинохтаи театри ба номи Лоҳутӣ ин ҳолро ва ҳамин тавр ролҳои кӯчаки ҳунармандони тоҷик дар филмҳои хориҷиро ба беқадр шудани ҳунарманд дар хонаи худвобаста медонад:
«Медонед, одам, ки дар хонаи худаш қадр надошта бошад, дар меҳмонӣ ҳам қадр надорад. Агар аз рӯи ақли солим баҳо диҳем, дар худамон ҳам ба истеъдоду маҳорати ҳунарманд чандон баҳои дуруст дода наметавонанд ё додани намехоҳанд. Ҳол он, ки ҳар ҳунарманд ба худаш психология, маҳорат ва сатҳи дониш дорад. Бояд аввал сатхи донишу маҳортаи ҳунармандро коргардон дарк кунад ва баъдан ба ӯ нақш диҳад. Мардуми моро медонанд, ки барои каме даромад овардан ба ҳар нақше розианд, барои ҳамин як русҳо не, афғонҳо ҳам филм мебардоранд, даъват мекунан артисони моро ва ба онҳо нақши толибон, қочоқбарон, ё ягон ҷиноткори дигарро медиҳанд».

Сафари Ҳақдод

Сафари Ҳақдод

Ва аммо Сафари Ҳақдод драмматург, коргардон ва сарвари муасисаи « Хонаи кино» дар ин робита назари дигар дорад. Ӯ бо ишора ба чанд ҳамкориҳои судманди ҳунармандони тоҷик бо филмсозони кишвари ҳамсояи Афғонистон гуфт: «Албатта чунин нодидагиро ман дар ҳамкориҳои коргардонҳои Русия эҳсос кардаам, вале инро ман наметавонам ба ҳамкориҳои мо бо ҳамкасбони афғонамон нисбат диҳам. Шумо шоҳид ҳастед, ки дар ду филми бисёр баланд ҳунарманди шинохтаи мо Раҷаб Ҳусейро даъват карданд. Ва дар ҳамон кишвари ҷангзада, ки ҳазор мушкилот дорад,актёри мо нақши пирамардеро бозид, ки кору андешааш фалсафаи зиндагиаш танҳо сулҳу суботоварӣ, созишу дӯстиву рафоқат ҳасту халос. Яъне онҳо ҳатто дар бисёр маврид истеъдоду маҳорати ҳунармандони моро аз мо беҳтар шинохтаву истифода бурда метавонанд."

Коршиносони ин соҳа мегӯянд, таъсири синамо ба зеҳни мардум ва боло бурдани фарҳангу тамаддуни миллӣ, намоиши тамоюлҳои нав дар зиндагӣ ҷойи баҳс надорад. Аммо ҳукумати Тоҷикистон аз ин соҳаи бисёр муҳим сарфи назар мекунад. Паёмади он дар намоиши силсилафилми бахшида ба 20-солагии Истиқлолият рӯшан шуд, ки танҳо аз ба ҳамовардани порчаҳои мулоқоти президент бо намояндагони хориҷӣ иборат буд ва сужаи мушаххас надошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG