Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Исмоилов: "Ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят мебрам"


Муҳаммадюсуф Исмоилов

Муҳаммадюсуф Исмоилов

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Муҳаммадюсуф Исмоилов-хабарнигори нашрияи “Нури Зиндагӣ”-ро, ки 11 моҳ дар зиндон ба сар бурд, аз толори додгоҳ озод кард. Додгоҳ вайро 35 000 сомонӣ ҷарима баст ва эълон кард, ки Исмоилов ҳақ надорад 3 соли дигар ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул шавад. Муҳаммадюсуф Исмоилов баъд аз раҳоӣ аз зиндон вокуниши худро дар бораи ҳукми додгоҳ ба радиои Озодӣ ин гуна баён кард:

“Ман он қадар розии сахт ҳам нестам. Бовар кунед... Ман қариб, ки розигӣ ҳам надорам. Барои чӣ ҷарима мекунанд? Барои чӣ? Баъд, се сол маро аз фаъолияти журналистӣ маҳрум карданд. Ин худаш чӣ гуфтанӣ гап?”

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар нахустин вокуниши худ ба ҳукми додгоҳ гуфт, ки аз он чандон розӣ нест ва аз болои ин ҳукм ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят хоҳад бурд.
XS
SM
MD
LG