Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи ду халабони боздоштшудаи рус ба таъвиқ афтод


Владимир Садовничий-шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко шаҳрванди Эстония барои қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз муттаҳам мешаванд. Парвандаи ин ду халабонро Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон тафтиш кардааст. Темур Боев-қозии ин мурофиаи додгоҳӣ дар Қурғонтеппа гуфт, то рӯзи сешанбеи 18-уми октябр дар мурофиа танаффус эълом шудааст. Владимир Садовничий ва Алексей Руденко капитатҳои ду ҳавопаймои ширкате бо номи “Ролкан Инвестмент ЛТД” мебошанд ва 12-уми марти соли ҷорӣ дар Қурғонтеппа боздошт шудаанд. Валерий Кпффер- намояндаи ин ширкат ба радио "Озодӣ" гуфт, ки ин ширкат танҳо ба ҳамлу нақли маводи ғизоии вобаста ба НАТО дар Афғонистон сарукор дошта ва ҳадафҳои низомиро пайгирӣ намекардааст. Ҳоло ин ду нафар дар боздоштгоҳи мувақатии шаҳри Қурғонтеппа нигоҳдорӣ мешаванд.
XS
SM
MD
LG