Пайвандҳои дастрасӣ

Дар 9 моҳ таварруми пул 11 дарсадро ташкил додааст


Дафтари матбуотии Бонки Миллии Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст, ки дар 9 моҳи соли ҷорӣ таварруми пул дар ин кишвар 9 дарсадро ташкил додааст. Дар будҷаи Тоҷикистон таваррум барои соли ҷорӣ 11 дарсад пешбинӣ шудааст, вале Сандуқи Байналмиллалии Пул пешибнӣ кардааст, ки дар соли 2011 таварруми пул дар Тоҷикистон 13,5 дарсадро ташкил хоҳад дод. Соли гузашта ин нишондиҳанда 9,8 дарсад буд. Пешрафти иқтисоди Тоҷикистон ва ҳифзи арзиши пул дар ин кишвар ба доду гирифти молу коло бо хориҷ низ иртибот дорад.
XS
SM
MD
LG