Пайвандҳои дастрасӣ

Задухӯрди муҳоҷирони Тоҷикистону Узбакистон дар Маскав


Бино ба хабарҳои матбуоти Русия, 11 октябр дар шаҳри Маскав миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон заду хурд рух додааст. Дар ин задухӯрд тақрибан 20 нафар муҳоҷири корӣ ширкат доштаанд. Чаҳор нафар бо захми корд ба бемористон интиқол дода шудаанд. Як нафари онҳо аз тапончаи травматикӣ тир хӯрдааст. Ду нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
XS
SM
MD
LG