Пайвандҳои дастрасӣ

Мирзо Турсунзода 100 сола шуд


Мирзо Турсунзода

Мирзо Турсунзода

Имрӯз дар толори Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни 100-солагии шоири номвари тоҷик Мирзо Турсунзода таҷлил шуд. То кунун дар саросари Тоҷикистон ба ин муносибат маҳфилҳои адабӣ ва фарҳангӣ баргузор шудаанд. Мирзо Турсунзода аз шоирони саршинос ва аз ходимони бонуфузи Тоҷикистон дар даврони Шӯравӣ буд.

Устод Мирзо Турсунзода дар таърихи 2 майи соли 1911 дар рустои Қаротоғи Ҳисор ба дунё омада, то вафоташ дар соли 1977, тайи беш аз ду даҳсола раиси Иттиҳодияи адибони Тоҷикистон ва ҳам раҳбари Кумитаи дар Маскав ташкилшудаи якдилӣ бо халқҳои Осиёву Африқо буд.

Чанд дафтари шеър ва достонҳои "Ҳасани аробакаш", "Ҷони ширин" ва силсилаи "Қиссаҳои Ҳиндустон" маҳсули қалами ӯст. Ба Мирзо Турсунзода дар соли 2001 унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд..
XS
SM
MD
LG