Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Шарқи Дури Русия зилзилаи шадид рух дод


Имрӯз дар минтақаи Амури Русия зилзилаи шадид рух дод. Бино ба хабари Хадамоти ҷуғрофиёии Фарҳангистони улуми Русия шиддати ин зилзила 5,9 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст ва маркази он дар 130 километрии шимоли ғарби шаҳри Тинда ҷой гирифтааст. Дар бораи хисороти зилзила гузориш дода намешавад, вале ширкати “Транснефт”-и Русия интиқоли нафт ба ширкатҳои чиноиро қатъ кардааст.
XS
SM
MD
LG