Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Амрико мегӯяд, ки бо Эрон "тамоси мустақим" дорад


Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико

Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико

Мақомоти вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфтаанд, онҳо бо мақомоти Эрон “тамоси мустақим” доранд. Амрико иддао мекунад, ки ҳукумати Эрон бо талоши сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вошингтон иртибот дорад. Виктория Нуланд-сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Амрико ба хабарнигорон гуфт, ба бовари вай тамоси Амрико бо Эрон рӯзи чаҳоршанбе сурат гирифтааст.

“Мо бо Эрон тамоси мустақим доштем. Ман намехоҳам ба шумо тавзеҳоти бештар диҳам ба ҷуз аз ин ки бигӯям: Мо роҷеъ ба ин масъала бо Эрон тамоси мустақим доштем”.

Режими Эрон такзиб кардааст, ки дар паси ин сӯиқасд қарор надорад ва мегӯяд, ҳадафи ин хабари бофта ташдиди бештари муносиботи Эрон бо кишварҳои Ховари Миёна аст.
XS
SM
MD
LG