Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз додгоҳ ҳукми Исмоилов ва Усмоновро эълон мекунад


Муҳаммадюсуф Исмоилов

Муҳаммадюсуф Исмоилов

Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ё CPJ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки хабарнигори Би Би Си Урунбой Усмонов ва хабарнигори нашрияи “Нури Зиндагӣ” Муҳаммадюсуф Исмоиловро раҳо кунанд. Қарор аст имрӯз ҳукми додгоҳ барои ҳар дуи ин рӯзноманигор эълон шавад. Дар эъломияи мунташираи ин созмон омадааст: “Дар ҳоле, ки додгоҳи Тоҷикистон роҷеъ ба ин ду парвандаи дорои ангезаи сиёсӣ мехоҳад ҳукми худро эълон кунад, CPJ адолатро тақозо мекунад ва хостори аз миён бардоштани иттиҳомоти сохта бар зидди ин ду рӯзноманигор ва раҳоии бе чуну чарои онҳо мебошад”. Интизор меравад, ки имрӯз додгоҳ барои Муҳаммадюсуф Исмоилов 16 сол ва барои Урунбой Усмонов 5 соли ҳабс эълон кунад.
XS
SM
MD
LG