Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лашкари хаста дар ҷанг алайҳи фасод


Фасод дар Тоҷикистон то ҳадде афзудааст, ки дигар мардум онро на ҷиноят, балки кори муқаррарӣ медонанд.

Шояд бигӯед, ки ин андешаи хусусии муаллифи ҳамин гузориш аст, ки бо қасди ҳангомабарангезӣ навиштааст. Кош чунин мебуд, вале ин хулосаи маъюскунандаи як назархоҳӣ дар деҳоти Тоҷикистон аст, ки созмони байналмилалии “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ” анҷом додааст.

"ҚАДРДОНӢ" НА РИШВА!!!

Бар асоси ин назархоҳӣ, мардуми деҳоти Тоҷикистон ришваҳои хурд ва ё додани ҳаққу ҳадя ба мансабдоронро “қадрдонӣ” медонанд, на ҷиноят, ки қонун барои он ҷазо муқаррар кардааст. Наҷиба Ширинбекова, раҳбари созмони “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ” дар ин бора мегӯяд: “Дар сатҳи маҳал, мардум мафҳуми “коррупсияро” ба маънои танги он мефаҳманд, яъне фикр мекунанд, ки танҳо ришва додан фасод аст. Ҳадя додан, зиёфат оростан, ё касеро ба кор гирифтан фасод маҳсуб намешавад. Яъне ин расм шудааст, ки агар шумо дар ивази хидмат, кори касеро қадрдонӣ накунед, шумо одами носипос ҳастед.”

Назархоҳиҳо нишон додаанд, ки мардум дигар ба тақдири бади худ тан додаанд ва тассавур намекунанд, ки бе додани ҳаққи ягон раис, масъули кумитаи андоз ё муаллими донишгоҳ кори онҳо иҷро мешавад. Дар назархоҳии созмони “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ” 23 дар сади назардодагон гуфтаанд, ки сари ҳар қадам ба фасоду ришвахорӣ дучор мешаванд ва 29 дар сад гуфтаанд, ки барои ҳар масъалае, ки муроҷиат накунанд, ба ҳамин дарди сар гирифтор мешаванд. Яъне 52 дар сад, ҳамвора ба фасоду ришвахорӣ дучор мешудаанд ва 31 дар сад хеле кам ин зуҳуроти шумро дучор меомадаанд ва танҳо 5 дар сад гуфтаанд, ки ба ин балои бад эмин будаанд.

КӢ БО ФАСОД БОЯД МУБОРИЗА БАРАД?

Муқаррарӣ шудани ришвахорӣ ба ҳадде андешаҳои мардумро тағйир додааст, ки тақрибан 70 дар сад гуфтаанд, омодаи мубориза бо фасод нестанд, зеро зӯрашон ба мақомот намерасад ва ин кори ҳукумат аст, ки бояд фасодро решакан кунад. Балое, ки монеъи расидан ба ормонҳои миллӣ мешавад ва аз иллатҳои аслии камбизоатӣ дар Тоҷикистон ҳаст.

Назари мардум: Бо фасод чӣ гуна мубориза кунем?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00
Линки мустақим

Наҷиба Ширинбекова, раҳбари созмони “Ҳуқуқ ва Беҳбудӣ” дар посуси ин суол, ки чаро мардум аз нақши худ дар мубориза бо фасод кам медонанд, мегӯяд: “Шояд онҳо худро фарде медонанд, ки зӯрашон ба тағйир додани ин кори ғайриахлоқӣ намерасад. Онҳо фикр мекунанд, ирода аз боло бояд бошад, ки бо нерӯ ҳамаро ба якбора тағйир диҳад. Эҳтимолан онҳо мавқеъи худро дар ин раванд намедонанд. Ба андешаи ман, дар деҳот мардум арзиш ва нерӯи худро намедонад.”

МАРДУМИ ХАСТА ...

Ҷумъа Мирзо, хабарнигори тоҷик,
Ҷумъа Мирзо, хабарнигори тоҷик,
Аммо Ҷумъа Мирзо, хабарнигори тоҷик, ки дар гузашта дар тарҳи байналмилалии мубориза бо фасод дар Тоҷикистон кор кардааст, мегӯяд, зоҳиран фасоду ришвахорӣ дигар мардумро хаста кардааст, ки аз мубориза худро канор мегиранд: “Дилашон мондааст ва онҳо бовар надоранд, ки ҳамин зуҳуротро аз беху бун канда метавонанд, зеро мардум дар ҳаёти ҳамарӯзаи худ мебинад, ки фасод то чӣ ҳад амиқ реша гирифтааст.”

Аммо Шарифбек Шарифов, сухангӯи Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, мардум солҳои ахир ҷасуртар шудаанд ва ҳамарӯза доир ба мавориди фасод ва ришвахорӣ ба оҷонсӣ хабар медиҳанд. Ӯ афзуд, чаҳор телефони оҷонсӣ ва ҳатто телефони раиси он пайваста дар хидмати мардум аст. Шарифбек Шарифов мардумро ташвиқ кард, ки бе ҳеҷ гуна биму тарс дар мубориза алайҳи фасод дар Тоҷикистон саҳм бигиранд: “Мувофиқи қонунгузории ҷорӣ, бевосита ному насаби онҳо махфӣ нигаҳ дошта мешавад ва нисбати мавриде, ки онҳо иттилоъ додаанд, чораҳои фаврии махсус андешида мешавад.”

Шарифбек Шарифов афзуд, барои бедор кардани нафрати мардум ба фасоду ришвахорӣ, намояндагони Оҷонси назорати молӣ ва мубориза бо коррупсия пайваста бо сокинони маҳалҳои гуногуни кишвар мулоқот анҷом дода ва онҳоро ба мубориза алайҳи ин зуҳуроти бад ташвиқ мекунанд. Вале ин мардум ҳамоно мубориза бо фасодро кори мақомоти интизомӣ медонанд.

ПУЛИС ФАЗОДЗАДАТАРИН НИҲОД?

Фирӯз Саидов, коршиноси тоҷик
Фирӯз Саидов, коршиноси тоҷик
Дар назархоҳии созмони “Ҳуқуқ ва беҳбудӣ”, аксарияти назардодагон гуфтаанд, ки мубориза бо фасод, кори ҳукумат ва сипас ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистон аст, ки дуввумӣ аз ниҳодҳои фосидтарин дар кишвар дониста шудаанд. Дар як назархоҳии Маркази мутолиоти стротежики Тоҷикистон дар соли 2006 омадааст, ба ақидаи аксарият, додгоҳҳо, ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон фасодзатарин ниҳодҳо ҳастанд. Аз ин рӯ ба гуфтаи як мусоҳибам, тамоюл дар Тоҷикистон ин аст, ки мардум касеро масъули мубориза бо фасод медонанд, ки худ ҳамеша ба фасод майл дорад.

Фирӯз Саидов, коршиноси тоҷик мегӯяд, умед бастан ба ҳукумат, ки фасодро аз байн мебарад, хатост, зеро “Навад дар сади кам кардани коррупсия ба худи шаҳрвандон ва ба ҷомеа вобаста аст, аз кумитаҳои маҳалла сар карда, аз ҷамоатҳо, аз созмонҳои ғайридавлатӣ, агар ин кор аз худи маҳал сар шавад, коррупсия зиёд намешавад."

Он гуна, ки як мусоҳибам гуфт, агар ҳукумати Тоҷикистон бо фасоду ришвахорӣ ҷанг эълом ҳам кунад, як лашкари хаставу зоре дорад, ки силоҳ ба замин гузоштаву таслим шудааст ва эътимод ҳам надорад, ки фармондеҳони лашкар аз самимона алайҳи ин душмани қаттоли ҷомеа мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG