Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари Узбакистон тағйири номҳои ҷуғрофиро манъ кард


Раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов бо фармоне ба номи ашхос ё рӯйдодҳои таърихӣ гузоштани исми шаҳру ноҳия, деҳа, кӯча ё корхонаҳоро манъ кард. Бино бар фармон танҳо афроде истисно хоҳанд буд, ки дар таърихи Узбакистон саҳми бузург доштаанд. Чунончӣ, шаҳри Навоӣ ба номи шоири машҳури садаи 15 гузошта шудааст. Фармон замоне имзо мешавад, ки аксари кулли номҳои давраи шӯравӣ дар Узбакистон тағйир ёфтаанд. Соли 1993 Каримов гузоштани ҳайкалро барои афроди зинда маън карда буд.
XS
SM
MD
LG