Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояти сенаторони амрикоӣ аз хабарнигори Радиои Озодӣ


Чаҳор сенатори калидии Иёлоти Муттаҳида ба ҷумлаи раиси Кумитаи равобити хориҷии Сенат аз ҳукми панҷ соли ҳабси хабарнигори Бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод Давлатмурод Язқулиев изҳори нигаронии амиқ карданд. Сенаторон Ҷон Керрӣ, Ричард Дурбин, Бенямин Кардин ва Кристен Ҷиллибранд дар номае ба сафири Туркманистон дар Вошингтон ҳукумати ин кишварро ба таҳқиқи такрории парвандаи Язқулиев даъват карданд ва мегӯянд, муҳокимаи хабарнигор одилона набудааст. Мақомоти Туркманистон Язқулиевро ба таъсир ё иғвои як худкушӣ айбдор мекунанд, аммо аксари ҳамкоронаш бар инанд, ки пахши иттилоъ дар бораи таркиш дар анбори аслиҳаи Ободони Туркманистон сабаби муҳокима шудааст. Раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ Стив Корн ин парвандаро «беқонунӣ» номид.

«Ин як муҳокима қалбакӣ ва ҳукми золимона нишон медиҳад, ки ҳокимони Туркманистон дар мавриди матбуот на ба қонун ва на ба меъёрҳо эътино намекунанд. Раиси Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ шадидан аз ин ҳукм эътироз мекунад ва аз дигар аъзои ҷомеаи байнулмилалӣ даъват мекунад, ки низ ҳукмро маҳкум кунанд.»

Язқулиев аввалин хабарнигоре буд, ки дар бораи инфиҷори анбори аслиҳа дар Ободони Туркманистон дар моҳи июли имсол гузориш дод. Матуботи давлатии Туркманистон талош кард, ин воқеаро камаҳамият ҷилва диҳад, вале маълум шуд, бар асари он бино бар омори расмӣ 14 ва ғайрирасмӣ садҳо нафар кушта шудаанд. Баъд аз пахши гузориши Язқулиев Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро ҳушдор додааст.
XS
SM
MD
LG