Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон назорат бар дин шиддат мегирад


Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев қонунеро имзо кард, ки назоратро ба гурӯҳҳои динӣ шиддат медиҳад. Бино бар он иттиҳодияҳои динӣ аз нав сабти ном шуда, гурӯҳҳои хурд барҳам мехӯранд, сохтмони ибодатгоҳҳо танҳо бо иҷозаи мақомот мумкин мегардад ва таҳсили динии наврасон зери назорат хоҳад буд. Порлумони Қазоқистон, ки ин тарҳи пешниҳодии Назарбоевро бо ҳамрайъии тамом пуштибонӣ кард, мегӯяд, он зидди тундравии исломӣ нигаронида шудааст. Аммо Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз ин тарҳ ҳамчун василаи зидди озодии дин интиқод кардааст.
XS
SM
MD
LG