Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама хостори шадидтарин таҳримҳои зидди Эрон шуд


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама гуфт, вай хостори «сахттарин таҳримҳо» зидди Эрон аст, баъд аз ифшои тарҳи иттиҳомии сӯиқасд ба сафири Саудӣ дар Вошингтон. Дар аввалин изҳоротирасмияш дар ин масъала, Обама гуфт, тарҳи иттиҳомӣ як бахш аз «одат»-и Теҳрон «ба рафтори хатарнок ва беибо»-ст.

“Барои Эрон дахил будан дар тарҳе мисли ин нишон медиҳад, ки чӣ қадар ва то куҷо он аз меъёрҳои қабулшудаи рафтори байнулмилалӣ хориҷ ва дур аст. Ин фақат як намуна аз силсилақадамҳои эҷоди хушунат ва рафторест, ки дар кишварҳои дигар намебинед.”

Обама гуфт, Иёлоти Муттаҳида ягон гузинаро дар мавриди Эрон аз назар дур нахоҳад дошт. Изҳороти Обама дар нишасти муштараки хабарии ӯ бо раисиҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ Ли Мюнг-бак садо дод. Эрон даст доштан дар тарҳи сӯиқасдро рад мекунад.
XS
SM
MD
LG