Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъвати дигарбораи CPJ ба озодии журналистони тоҷик


Кумитаи дифоъ аз журналистон, марказаш дар Ню Йорк, дар як изҳороти нав аз мақомоти Тоҷикистон даъват кард, иттиҳомоти бофтаи зидди журналистон Урунбой Усмонов ва Муҳаммадюсуф Исмоиловро лағв ва онҳоро бидуни қайду шарте озод кунанд. Кумита мегӯяд, пажӯҳишҳои он нишон додаанд, ки ҳарду журналист танҳо барои он муҷозот мешаванд, ки аз масъалаҳои мавриди нигаронии ҷомеа хабар додаанд. Усмонов дар тундгароӣ ва Исмоилов дар тӯҳмат ва тамаъҷӯӣ айбдор мешаванд ва додгоҳ метавонад, якеро ба 5 ва дигареро ба 16 соли ҳабс маҳкум кунад. Изҳороти Кумита дар ҳоле нашр мешавад, ки қарор аст, додгоҳ ҳукми хешро эълом дорад.
XS
SM
MD
LG