Пайвандҳои дастрасӣ

БАТР: "Нокомии мо ба маънои қатъи ҳамкорӣ нест"


Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ян Фишер, муовини Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд. Душанбе, 11 октябр

Дидори раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Ян Фишер, муовини Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд. Душанбе, 11 октябр

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хостори иҷрои барномаҳои бештари ислоҳотӣ дар бахши иқтисодии Тоҷикистон шудааст.

Ба гуфтаи Ян Фишер, муовини раиси ин бонк, ки ду рӯзе қабл (11 октябр) дар раъси як ҳайат вориди шаҳри Душанбе шуда буд, гуфтааст, ки дар Тоҷикистон бояд бахши хусусӣ нисбат ба давлатӣ бештар бошад.

Ба қавли ин бонк бархе аз корхонаҳои Тоҷикистон, аз қабили Талко ва ширкати "Барқи Тоҷик" бояд ба усули тиҷоратӣ фаъолият кунанд, то даромади бештаре ба буҷа ворид намоянд.
Дар кишваре мисли Тоҷикистон ин ҳодисаи муқаррарист, ки мо пули худро аз даст додем ва бахши хусусӣ натавонист бар асоси қонун фаъолият кунад...


Аз натиҷаи ин баррасиҳо ва тавсияҳои масъулони Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҳамкори мо Зулфиқори Исмоилиён сӯҳбате дошт бо Улф Хиндестром, намояндаи доимии ин бонк дар Душанбе ва дар оғоз аз ӯ пурсид, ки натиҷаи баррасии вазъи молӣ ва иқтисодии Тоҷикистон барои ҳамкории оянда ва имзои қарордоди роҳбурдӣ миёни ин бонк ва Тоҷикистон чӣ буд?

Посух: "Ҳар қадаре, ки давлат дар бахши молӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла кишоварзӣ, саноатӣ ва ғайра ислоҳот ворид кунад, бонк ҳамон қадар дар иҷрои барномаҳои иқтисодии Тоҷикистон сармоягузорӣ хоҳад кард ва ба ҳамин мизон сармояҳои хориҷиро ба Тоҷикистон ҷалб хоҳад кард. Барои мисол, мо имкон дорем, баробари ислоҳоти бештар дар бахши кишоварзӣ, ки ба бахши хусусӣ тааллуқ дорад, барномаҳои зиёдеро сармоягузорӣ кунем."





Пурсиш: Пас аз поёни сафари ҳайати бонки Шумо бархе аз расонаҳои хабарӣ навиштаанд, ки ин бонк дархости бештар ба усули тиҷоратӣ фаъолият кардани ширкати Талко ва "Барқи Тоҷик" шудааст. Ин пешниҳоди бонк ба мавзӯи хусусигардонии ин корхонаҳо рабт дорад?

Посух: "Намояндаҳои бонки мо дар бораи ширкати Талко изҳори назар накардаанд. Мо дар бораи ширкати "Барқи Тоҷик" тавсияҳо додем, то ин ширкат ба усули кори тиҷорат бигузарад ва тавонад аз фурӯши барқ пули зиёд ба даст орад ва муҳимаш он ки ин ширкат талафоти барқро кам кунад. Мо мехоҳем кӯмак кунем, то идораи ин ширкат хубу судманд шавад ва ба буҷаи давлат даромади зиёд биорад ва ин тасвияҳо ба хусусигардонии ин ширкати саҳомӣ рабте надорад."

Пурсиш: Шумо гуфтед, ки дар сурати роҳандозии ислоҳот дар Тоҷикистон аз сӯи мақомот бонки Шумо сармоягузориро бештар хоҳад кард. Ин сармояҳо бештар дар кадом бахшҳо хоҳад буд?

Посух: "Мо мехоҳем, ки ин сармояҳо бештар дар бахши молӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ ва муассисаҳои қарздиҳии хурд дода шавад. Бар илова, сармоягузории бахши энержӣ дар Тоҷикистон дар авлавияти фаъолияти мо қарор дорад. Ҳамчунин, барномаҳои бо об таъмин кардани мардум ва сохтмони роҳҳоро низ сармоягузорӣ мекунем."

Пурсиш: Сармояҳое, ки қаблан бонки Шумо дар бахши хусусӣ дар Тоҷикистон ироа карда буд, судманд буданд? Ба ин далел, ки чанд соли пеш бонки Шумо ширкати "Орима" ва фурудгоҳи Хуҷандро сармоягузорӣ кард. Раиси ширкати "Орима" зиндонӣ шуд ва бархеҳо фурудгоҳи Хуҷандро аз дасти соҳибаш гирифтанд. Яъне сармояҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба ҳадаф нарасид. Оё бонк ин нокомиҳоро дар мавриди ироаи сармоя дар оянда ба инобат мегирад?

Посух: "Дар кишваре, мисли Тоҷикистон ин ҳодисаи муқаррарист, ки мо пули худро аз даст додем ва бахши хусусӣ натавонист бар асоси қонун фаъолият кунад. Аммо вазифаи мо кӯмак ба бахши хусусӣ аст ва дар сурате, кадом барномаи кӯмак кардаи мо ноком шуду мо пули худро аз даст додем, ин маънои онро надорад, ки мо ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро қатъ кунем."

Пурсиш: Шумо гуфтед, ки ба бонкҳои Тоҷикистон дар робита ба тақвияти тавони онҳо кӯмак хоҳед кард. Ин чӣ навъ кӯмак хоҳад буд?

Посух: "Мо барои фаъолияти судманди бонкҳо кӯмакҳои фаннӣ ироа мекунем ва ҳамчунин барои тақвияти бонкҳо қарзи чаҳорсола бо пули миллии тоҷикӣ медиҳем. Ҳоло саҳмияҳои се бонки Тоҷикистон "Агроинвестбонк", "Эсхата" ва "Аксесбонк" дар ихтиёри Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд қарор дорад. Бонки мо дар бахши молӣ ва иқтисодии Тоҷикистон 280 миллион доллар сармоягузорӣ кардааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG