Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алайҳи Тимошенко парвандаи нав боз карданд


Вазорати амнияти Украина эълом кард, ки алайҳи Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи ин кишвар парвандаи нави ҷиноӣ боз кардааст. Парванда ба фаъолияти ӯ дар солҳои 1990 ба ҳайси мудири Шабакаи воҳиди энержии Украина иртибот мегирад. Ба гуфтаи Иван Деревянко муфаттиши вазорати амнияти миллӣ, Юлия Тимошенко ба дуздии 405 миллион доллар муттаҳам мешавад. Ӯ аз додани ҷузъиёти бештар худдорӣ кард, вале афзуд: "Метавонам бигӯям, ки тафтишот ба ҳадди кофӣ далелҳое ҷамъ овард, ки ин парвандаро алайҳи Тимошенко боз кунад." Хонум Тимошенкоро рӯзи сешанбе бо гуноҳи сӯистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум карданд. Созмони Авфи Байналмилал рӯзи ҷумъа аз давлати Украина хост, Юлия Тимошенкоро озод кунад, ки парванда алайҳи ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG