Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Аз ҳисоби пули мардикорон худнамоӣ накунед..."


Фурӯшандагони нашрияҳо дар Душанбе

Фурӯшандагони нашрияҳо дар Душанбе

Бозтоби ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳе аз тундравони исломӣ дар ҷануби Қирғизистон дар нашрияҳои чопи Душанбе.

"ИМРӮЗ НЮС"

Хунсо шудани гурӯҳи тундрави "Ҷиҳоди Исломӣ" аз сӯи ниҳодҳои амниятии Қирғизистонро, ки қасди анҷом додани амалиёти терористиро доштааст, ба чолиш кашида ва матлаберо зери номи "Иттиҳоди ҷиҳодӣ: акнун тӯфон аз шарқ мехезад" чоп кардааст. Нашрия навиштааст, "вилояти Ош бахше аз водии ҳассоси Фарғона буда, ҳар иттифоқе, ки дар ин минтақа пеш ояд, ба сурати табиӣ бахше аз Қирғизистону Узбакистон ва Тоҷикистонро таҳти таъсир мегузорад." Дар ҳоле ки мақомоти қирғиз аз узвияти дигар миллатҳо, аз ҷумла тоҷикон дар ин гурӯҳи тундрав хабар додаанд, нашрия менависад, "ба сурати хос, ба ҳуввияти нажодӣ ва миллии намояндагони ин гурӯҳҳо ва ё ҷосусони хадамоти вижаи бархе аз қудратҳо ё кишварҳои хориҷӣ ишора шудан ва мавзӯи ҳуввияти нажодии онҳоро матраҳ кардан, боз ҳам ҳадафи амиқтар кардани чолишҳо дар Осиёи Марказӣ ва бештар кардани фосила миёни ин кишварҳо ва эҷоди беэътимодӣ байни мардум ва ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ мебошад."



"ОЗОДАГОН"

Изҳороти Каромат Шарифов, раиси "Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик" дар Маскавро пиромуни таъсиси Ҳизби муҳоҷирон ба баррасӣ гирифта ва навиштааст, ки "ҳукумат аз таъсиси ин ҳизб истиқбол мекунад." Нашрия ин матлабро "Кабирӣ не, Шарифов президент шуданист?" ном гузошта ва навиштааст, "изҳороти Каромат Шарифовро бархеҳо ҳушдор ба Кабирӣ медонанд." Зеро ба навиштаи нашрия
"Каромат Шарифов иддао дорад, ки ҳизбаш дар наздиктарин фурсат ба нерӯи устуворе табдил ёфта, яке аз маъруфтарин аҳзоб дар Тоҷикистон ба шумор хоҳад рафт. Ҳамчунин дар интихоботи навбатии порлумонӣ дар Тоҷикистон ин ташкилоти сиёсӣ бояд аксари курсиҳоро соҳиб шавад." Ба навиштаи нашрия "ин изҳороти Каромат Шарифов дар ҷомеаи Тоҷикистон сару садои зиёдеро ба бор овард. Аммо Каромат Шарифов ҳадаф аз таъсиси ин ҳизбро таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар хориҷ аз кишвар арзёбӣ карда ва мегӯянд, дар сурати таъсис ва фаъолияти ҳизби ӯ, ҷойгоҳ ва нуфузи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зери суол хоҳад рафт. Абдулғанӣ Муҳаммадазимов гуфтааст, "аз изҳороти Кабирӣ дар робита ба пайдо кардани маъруфият миёни муҳоҷирон ва ҳатто ба роҳ мондани фаъолият берун аз кишвар, фурсати начандон зиёд гузашт. Барои ҳамин метавон гуфт, ки паси изҳороти Каромат Шарифов як гурӯҳе қарор дорад."

"ФАРАЖ"

Бо таваҷҷӯҳ ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хидмат дар Артиши Миллӣ матлаберо зери сарлавҳаи "Облава ва бачаи вазир" чоп кардааст. Ба навиштаи Ганҷина Ганҷова, муаллифи матлаб, дар раванди мавсими даъват барои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ, ки соле ду маротиба, баҳор ва тирамоҳ сурат мегирад, иқдоми маҷбуран ба хидмат водор кардани ҷавонон ва ё ба истилоҳ "облава" авҷ мегирад. Ин аст, ки ба гуфтаи муаллиф дар ин ҳолат аксари ҷавонони тоҷик талош мекунанд, роҳ ба сӯи муҳоҷиратро пеш бигиранд, то аз дасти кормандони ҳифзи ҳуқуқ халос шаванд. Аммо муаллиф менигорад, "ҷомеаро ҷалб нашудани писарони афроди мансабдор ба хидмат дар сафи Артиш нигарон кардааст." Зеро муаллиф меафзояд, "воқеан ҳам пайдо кардани писарони мансабдоре, ки ба хидмати аскарӣ рафта бошад, хеле мушкил аст. Дар поёни матлаб муаллиф ин суолро низ гузоштааст, ки "Оё маркази матбуотии Вазорати дифоъ ҷуръат мекунад, то рӯйхати фарзандони мансабдоронеро, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хидмат мекунанд, пешниҳод кунад?"

"АЗИЯ-ПЛЮС"

Дар робита ба ин суол, ки "Чаро писарони афроди доро ба хидмати Артиш намераванд?" назари чанде аз соҳибназаронро пурсидааст. Фирдавс Икромӣ, журналисти тоҷик гуфтааст, "ҳоло замона ҳамин тавр аст. Чун падарони писарони шахсони доро пул ва имконот доранд, аз он ки писаронашон ду сол вақтро мегузаронанд, барои онҳо беҳтар аст, то фарзандашон дар хориҷа таҳсил кунанд." Аммо Нигина Раҳимова, омӯзгори яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе гуфтааст, "мусаллам аст, ки дар Артиш танҳо фарзандони хонаводаҳои камбизоат хидмат мекунанд. Шахсони доро инро ба худ ор медонанд." Ин омӯзгор пешниҳод дорад, то хидмат дар Артиши Тоҷикистон ба таври қарордодӣ сурат бигирад, то вазъи онҳое, ки дар хидмати ҳарбӣ ҳастанд, беҳ шавад.

"МИЛЛАТ"

Мақолаи Фаридун, як тан муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Санкт-Петербургро зери сарлавҳаи "Агар Тоҷикистон ором аст, ин ҷо ором нест" мунташир кардааст. Ин шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Русия зиндагӣ мекунад, аз мушкилоти муҳоҷирон ва сарсониҳои онон қисса мекунад. Вай менависад, "мо ҳазорон Равшану Ҷамшудҳо ин ҷо ватани русҳоро месозем ва он ҷо давлати хешро бо маблағҳои хеш саробонӣ дорем. Он ҳама ҷашну идҳои бодабдабаи Тоҷикистон аз ҳисоби азобҳои сангини мо Равшану Ҷамшудҳои бесоҳиби дарбадари тоҷик аст, ки худ на лаззати ҷашнро медонем, на тамъи истиқлолиятро чашидаем." Ин муҳоҷири тоҷик дар идома менигорад, "хоҳиш мекунем, аз ҳисоби пулҳои мо дигар хурсандӣ ва худнамоӣ накунед. Корхонаҳо бисозед, то мо ҳам биёем ва якҷоя Ватанро обод кунем. Охир Тоҷикистон барои як миллион тоҷики муҳоҷир ҳам Ватан аст. Дар ҳама шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон фақат рақсу ҷунбон-ҷунбону кафкӯбиву сурудхонист. Гӯиё ҳеҷ мушкиле нест."

"НИГОҲ"

Дар робита ба хатти сириллик матлаберо чоп кардааст. Муаллиф менависад, "Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳарфи "ӯ"-ро пеш аз "ҳ" ва "ъ" аз миён бардорад. Қоидаи нав дар мавридҳое баҷост, аммо мушкили хатти таҳмилиро ҳал намекунад." Муаллиф менависад, "ноҳамхонии имлои пириллик бо имлои порсӣ монеи умдае дар ростои ошноии беҳтари порсигуёни Фарорӯд бо зарофатҳои забони модариашон шудааст. Пур гуфтаем, ки расмулхатти таҳмилии русӣ дар дурии мо аз забону ҳуввияти миллии худ бештарин саҳмро доштааст. Ба гунае, ки акнун бисёре намедонанд, ки "ъилм"-у "ъолим"-у "таълим"-у "тааъллум"-у "муаллим" ҳамагӣ баромада аз як решаи воҳиданд." "Нигоҳ менависад, "дар тӯли 72 соли ривоҷи хатти пириллик дар Фарорӯд имлои ин расмулхатти аҷнабӣ тағйироти фаровонеро бар худ дидаву борҳо бахя хӯрдааст. Аммо ҳеҷ як аз ин бахяҳо ба ростӣ корсоз воқеъ нашуда ва баръакс, ниёз ба бозгашт ба хатти худии порсиро барҷастатар кардааст."

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG