Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як дастёри аршади шабакаи Ҳаққониро куштаанд


Маъмурони амнияти милии Покистон мегӯянд, дар ҳамлаи мушакии ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико, як дастёри аршади шабакаи Ҳаққонӣ кушта шудааст, ки ин гурӯҳро масъули ҳамлаҳои хунин дар Афғонистон медонанд. Мақомот ин фардро Ҷалил хонда ва гуфтаанд, ӯ ҳамоҳангсози амалиётҳои шабакаи Ҳаққонӣ будааст. Дар ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишин ҳамчунин ду ситезаҷӯи дигар кушта шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, ду мушак ба хонае дар шаҳри Мироншоҳ, маркази Вилояти Вазиристони Шимолӣ, як минтақаи қабоилнишин ва наздик ба марзи Афғонистон бархӯрдааст. Ин минтақа як паноҳгоҳи амне барои шабакаи Ҳаққонӣ, як шарики Ал-Қоида аст, ки он гурӯҳро дар ҳамлаҳо ба қаламрави Афғонистон, аз ҷумла сафорати Амрико дар Кобул муттаҳам медонанд. Амрико чанде пеш аз давлати Покистон хост, бо қатъи ҳимоят аз шабакаи Ҳаққонӣ ин гурӯҳро нобуд кунад.
XS
SM
MD
LG