Пайвандҳои дастрасӣ

Афви Байналмилал: "Бо зиндони Либия бадрафторӣ мекунанд"


Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, шавоҳиде дар даст дорад, ки ҳазорон нафар аз онҳое, ки бо иттиҳоми ҷанг барои Муаммар Қаззофӣ раҳбари суқуткардаи Либия, дастгир шудаанд, аз сӯи нерӯҳои ҳукумати муваққатӣ азияту шиканҷа шудаанд. Дар гузориши тозаи Афви Байналмилал, ки имрӯз нашр шуд, омадааст, ба хусус бо сиёҳпӯстҳое бадрафторӣ шудааст, ки ба ҳайси зархаридони Қаззофӣ ҷангидаанд. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ аз Шӯрои миллии гузори Либия хостааст, то фавран ба боздошту бадрафторӣ бо маҳбусон хотима диҳад. Гузоришро Афви Байналмилал бар асоси мусоҳиба бо 300 зиндонӣ дар 11 маҳбаси Либия омода кардаанд ва созмони мазкур мегӯяд, Шӯрои миллии гузор ваъда кардааст, ки ба ин масъала расидагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG