Пайвандҳои дастрасӣ

Словакия барои қабули барномаи Аврупо омодагӣ мегирад


Раҳбарони Словакия барои тасвиби барномаи тавсиаи Хазинаи кӯмаки молии Аврупо омодагӣ мегиранд, ки абзори аслии муқобила бо бӯҳрони молӣ дар ин минтақа аст. Қарор аст, раъйгирӣ дар порлумони Словакия дар мавриди барнома то фардо баргузор шавад. Рӯзи сешанбе, порлумон алайҳи ин барнома раъй дод ва ҳукумати Словакия низ аз ҳам пошид. Аммо дирӯз эътилофи аҳзоби ҳукмрон ва ҳизби аслии мухолифи Сотсиал-Демократ ба мувофиқа расиданд, ки ба шарти баргузории интихоботи зудрас дар моҳи март, аз тавсиаи Хазинаи кӯмаки молии Аврупо ҳимоят хоҳанд кард. Ба истиснои Словакия дигар тамоми 16 кишвари ҳавзаи евро мувофиқат кардаанд, то ҳаҷми Хазинаи кӯмаки молии Аврупо, ки ҳоло 440 миллиард евро дорад, афзуда шавад, то кишварои дармонда дар бӯҳрони молӣ авонанд аз он ба осонӣ қарз бигиранд.
XS
SM
MD
LG