Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли нерӯи барқро расман маҳдуд карданд


Дар Тоҷикистон расман интиқоли нерӯи барқ ба муассисаҳо ва хонаҳои мардумро маҳдуд карданд. Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати «Барқи Тоҷик» ба хабаргузории «Азия Плюс» гуфтааст, коҳиши маҷрои об ба нерӯгоҳи барқи обии «Норак» ва ҳамингуна тавлиди нерӯи барқ, мақомотро водор кардааст, ин роҳро пеш бигиранд. Ба гуфтаи ӯ бо назардошти шароит имсол, дар як шабонарӯз мардум ва муассисаҳо то аз 10 то 12 соат нерӯи барқ хоҳанд гирифт. Шаҳрҳои Тоҷикистон аз нерӯи барқ маҳрум карда намешаванд. Ба гуфтаи Нозирҷон Ёдгорӣ, нерӯгоҳҳои кишвар то рӯзи 5 октябр рӯзона то 36 миллион киловат соат нерӯи барқ ҳосил мекарданд ва ин рақам дар зарфи камтар аз як ҳафта ба 34 миллион киловат соат расидааст.
XS
SM
MD
LG