Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва подшоҳи Саудӣ тарҳи сӯиқасдро маҳкум карданд


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама дар робита ба иттиҳоми сӯиқасди таҳти ҳимояи Эрон ба ҷони сафири Саудӣ дар Амрико бо подшоҳи Арабистони Саудӣ Абдуллоҳ гуфтугӯи телефонӣ доштааст. Дар изҳороти Кохи Сафед гуфта мешавад, ҳарду раҳбар ба натиҷа расиданд, ки тарҳи мавриди иттиҳом «баёнгари нақзи зишти меъёрҳои бунёдии байнулмилалӣ, ахлоқ ва қонун аст.» Пештар вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон дар нишасти хабарӣ дар Вошингтон гуфт, иттиҳомоти рабти Эрон ба тарҳи сӯиқасд баёнгари “афзоиши хатарнок”-и пуштибонии Теҳрон аз терроризм аст.

"Ин қабил аз аъмоли бемулоҳиза меъёр ва назми байнулмилалро рахна мекунанд. Эрон бояд барои аъмолаш ҷавоб гӯяд. Бар иловаи чораҳое, ки додситони кул дирӯз эблом дошт, Иёлоти Муттаҳида таҳримҳои зидди афродеро дар ҳукумати Эрон густариш дод, ки бо тарҳи сӯиқасд рабт доранд.”

Аммо мақомоти Эрон ҳама гуна иттиҳомотро рад карда ва ба СММ дар ин бора шикоят бурдаанд.
XS
SM
MD
LG