Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макфоул: Эрон муҳимтарин мавзӯи байни Русия ва Амрико


Мушовири аршади Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида Барак Обама дар умури Русия мегӯяд, Эрон яке аз муҳимтарин мавзӯъҳои равобити байни Вошингтон ва Маскав аст. Майкл Макфоул, ки қарор аст, сафири нави Амрико дар Русия таъйин шавад мегӯяд, ҳамкории ҳастаии Русия бо Эрон ва фурӯши таслиҳоти русӣ ба Теҳрон ин мавзӯъро муҳим кардааст. Вай дар баёноташ ба Кумитаи равобити хориҷии Сенат ҳамчунин гуфт, Иёлоти Муттаҳида бо Русия сари пешнависи қатъномаи марбут ба Сурия гуфтушунид хоҳад кард. 4-уми октябр Русия ва Чин ба қабули қатъномаи пешниҳодии Амрико дар масъалаи Сурия монеъ шуданд ва ин вето вокуниши шадиди Вошингтонро ба бор овард.
XS
SM
MD
LG