Пайвандҳои дастрасӣ

Ахбори тазодомез дар бораи писари Муаммар Қаззофӣ


Дар бораи сарнавишти Мутассим Қаззофӣ, яке аз писарони раҳбари барканоршудаи Либия хабарҳои тазодомез мерасад. Дар ҳоле ки бархе аз намояндагони Шӯрои миллии гузори Либия мегӯянд, Мутассим Қаззофӣ, дар Сирт, зодгоҳи Қаззофӣ боздошт шуда, сипас барои бозпурсӣ ба Бенғозӣ мунтақил гаштааст, Ассошиейтед Пресс ва Франс Пресс ба нақл аз намояндагони ин шӯро гуфтаанд, ин хабар қобили тасдиқ нест. Мутассим дар ҳукумати падараш мушовири амнияти миллӣ буд ва сар моҳи август, пас аз суқути Троблус ҳамроҳи падар ва бародари машҳураш Сайфулислом нопадид гаштааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG