Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бомбгузори парвози Амстердам-Детройт муҷрим дониста шуд


Додгоҳи Иёлоти Муттаҳида шаҳрванди Нигерия, Умар Форуқ Абдулмуталлабро, ки бо иттиҳоми талоши бомбгузорӣ дар ҳавопаймои амрикоӣ дар шаби соли нави 2009 боздошт шуда буд, гунаҳкор эълон кард. Собит шуд, ки Абдулмуталлаб дар зери либосаш маводи мунфаҷира дошт ва мехост, ҳавопаймоеро, ки аз Амстердам ба Детройт парвоз мекард, мунфаҷир намояд, аммо бо мушкили фаннӣ натавонист, бомбро тарконад ва ҳавопаймо бо 300 сарнишинаш дар Детройт фуруд омад. Додгоҳ Абдулмуталлабро ба шабакаи ал-Қоида рабт медиҳад ва мумкин ӯро ба ҳасби абад маҳкум кунад. Дар иҳзороти худ Абдулмуталлаб гуфт, мехост барои қатли мусулмонон посух диҳад ва амали ӯ бар пояи таълимоти Қурон буд.
XS
SM
MD
LG