Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги 8 нафар дар тирандозие дар салони мӯйи Калифорниё


Дар як тирандозии пароканда дар як ороишгоҳи мӯй дар ҷануби Калифорниё 8 нафар кушта шудаанд. Тирандозӣ дар шаҳраки Сил Бич, 40-километрии ҷануби Лос Анҷелис ба вуқӯъ пайвастааст. Полис мегӯяд, шаш нафар дар ҷои ҳодиса кушта шуда, ду тани дигар аз захмҳои сангин дар бемористон ҷон доданд ва вазъи як захмии дигар вахим аст. Полис гуфт, марди мусаллаҳ боздошт шудааст. Ангезаҳои тирандозӣ ҳанӯз маълум нашудаанд, вале эҳтимол меравад, шахс бо касе дар ороишгоҳ хусумат дошт.
XS
SM
MD
LG