Пайвандҳои дастрасӣ

Таъсиси гурӯҳи кории татбиқи тарҳи CASA-1000


Дар Тоҷикистон гурӯҳи кории татбиқи тарҳи CASA-1000 ё эҷоди хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистон ва Покистон таъсис дода шуд. Ба иттилои хабаргузории REGNUM, ин гурӯҳ ҳоло нахустин ҳамоиши давлатҳои зидахл дар Душанберо омода мекунад. Дар ин нишаст қарор аст, тарафҳо роҳу василаҳои суръат додан ба иҷрои тарҳ, омилҳои хатар ва таъсири онҳо ба сармоягузории барномаро баҳс хоҳанд кард. Тасмими ташкили гурӯҳи корӣ дар нишасти шӯрои байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи сентябр дар Бишкек гирифта шуда, эълом гаштааст, ки як шабаки ирсоли 1300 мегаваттӣ ба Покистон ва 300 мегаваттӣ ба Афғонистон бунёд ёбад. Русия низ гуфтааст, ки ба ширкат дар ин тарҳ таваҷҷӯҳ дорад.
XS
SM
MD
LG