Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Писари Қаззофӣ -- Мутассим дар Сирт боздошт шудааст


Намояндагони Шӯрои миллии гузори Либия мегӯянд, Мутассим Қаззофӣ, яке аз писарони раҳбари барканоршудаи Либия Муаммар Қаззофӣ боздошт шудааст. Ба гуфтаи онҳо, вай дар Сирт, зодгоҳи Қаззофӣ боздошт шуда, сипас барои бозпурсӣ ба Бенғозӣ мунтақил гаштааст. Тарафдорони Шӯрои муаваққат дар Троблус аз ин хабар бо тирандозиҳо ба осмон истиқбол карданд. Дар куҷо будани раҳбари барканоршуда ва писари машҳури ӯ Сайфулислом то ҳанӯз маълум нест. Онҳо дар моҳи август, баъд аз ишғоли Троблус аз тарафи шӯришиён нопадид гаштаанд.
XS
SM
MD
LG