Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши фишор ба Эрон зимни иттиҳоми тарҳи сӯиқасд


Сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико Абдул ал-Ҷубайр дар баробари хабарнигорон.
Сафири Арабистони Саудӣ дар Амрико Абдул ал-Ҷубайр дар баробари хабарнигорон.

Иттиҳоми даст доштани ҳукумати Эрон дар тарҳи сӯиқасд ба сафири Саудӣ дар Конгресс "иқдоми ҷангӣ" унвон шуд.

Иёлоти Муттаҳида, Арабистони Саудӣ ва Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, Эрон бо пайомадҳои таҳияи тарҳи сӯиқасд ба ҷони сафири Саудӣ дар Вошингтон рӯбарӯ хоҳад гашт.

Вазири умури хориҷии Амрико, Ҳилларӣ Клинтон дар нишасти хабарӣ дар Вошингтон гуфт, иттиҳомоти рабти Эрон ба тарҳи сӯиқасд баёнгари “афзоиши хатарнок”-и пуштибонии Теҳрон аз терроризм аст.

Вай гуфт: "Ин қабил аз аъмоли бемулоҳиза меъёр ва назми байнулмилалро рахна мекунанд. Эрон бояд барои аъмолаш ҷавоб гӯяд. Бар иловаи чораҳое, ки додситони кул дирӯз эблом дошт, Иёлоти Муттаҳида таҳримҳои зидди афродеро дар ҳукумати Эрон густариш дод, ки бо тарҳи сӯиқасд рабт доранд.”

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида рӯзи сешанбе гуфтанд, ду марди марбут ба хадамоти амниятии Эрон ба ҷурме муттаҳам шуданд, ки ин мақомот онро “истихдоми байнулмилалӣ барои қатл” унвон карданд ва ин амал аз Эрон идора шудааст. Теҳрон ин иттиҳомотро беасос меномад ва рад мекунад.

Ноиби раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден тарҳи сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вошингтонро “як амали золимона номид, ки эрониён бояд барояш посух диҳанд.”

Дар мусоҳиба бо телевизиони ABC Байден гуфт, ҳукумати Обама талош дорад, афкори ҷаҳонро ба ҳимояти вокуниши эҳтимолии Иёлоти Муттаҳида сафарбар кунад.
Ва шоҳзодаи аршади Арабистони Саудӣ, сафири пешин дар Вошингтон Туркӣ ал-Файсал гуфт, Эрон барои ин қасд “қиматеро пардохт хоҳад кард.”

Дар ин байн Вазорати молияи Амрико дар пайванд ба тарҳи сӯиқасд ширкати ҳавонавардии тиҷоратии Эрон “Моҳон Эйр”-ро ба феҳрасти ниҳодҳои мавриди таҳрим шомил кард. Мақомот мегӯянд, ин ширкат мунтазам аз тарафи гурӯҳи “Қудс”-и Сипоҳи посдорони инқилоби Эрон барои интиқоли афрод аз Сурия ва Ироқ барои тамрини ҳарбӣ ва ирсоли аслиҳа истифода мешавад.

Кумитаи хадамоти мусаллаҳонаи Сенати Амрико гуфт, ин тарҳ мумкин аст, “як амали ҷангӣ” шумурда шавад. Аммо сенатори демократ аз Мичиган Карл Левин ҳамчунин гуфт, нахуст бояд дид, ки барои чунин тафсир чӣ вокунише муқаррар шудааст.

Бритониё ва Иттиҳоди Аврупо мегӯянд, дар бобати вокуниш ба ин иттиҳомот дар Вошингтон вориди машварат шудаанд. Мая Косянович, сухангӯи сардипломати Иттиҳоди Аврупо Кетрин Эштон мегӯяд: "Мо бовар дорем, ки низоми адлияи Иёлоти Муттаҳида хеле зуд ба амали ҷиноии эълоншуда рӯшании комил меандозад. Ва агар фактҳо тасдиқ шаванд, ин як рахнаи бузург дар қонуни байнулмилалӣ хоҳад буд, ки пайомадҳои ҷиддии байнулмилалӣ хоҳад дошт. Ва мо аз ҳукумати Эрон даъват мекунем, бо низоми адлияи Иёлоти Муттаҳида ба таври комил ҳамкорӣ кунад.”

Ду айбдоршаванда, Мансур Арбобсайр, ки шаҳрвандии Амрикоро дарёфт карда, шиносномаи Эронӣ дорад ва Ғулом Шакурӣ, ки гуфта мешавад узви гурӯҳи “Қудс” буда, дар Эрон зиндагӣ мекунад, ба он муттаҳам мешаванд, ки барои қатли сафири Саудия дар Вошингтон ба корманди махфии ҳукумати Амрико 1,5 миллион доллар пешниҳод кардаанд. Мақомот мегӯянд, Арбобсайрро дар ҳоле ба ҳабс гирифтанд, ки аллакай 100 000 доллар барои хариди маводи мунфаҷира харҷ шуда буд.

Аммо Эрон ин иттиҳомотро як тактикаи мунҳарифкунанда номид ва расман ба Созмони Милал дар ин бора шикоят бурд. Алии Лориҷонӣ, раиси порлумони Эрон иттиҳомотро бахше аз “бозии кӯдакона”-и Иёлоти Муттаҳида номид. Вазири умури хориҷии Эрон, Алиакбари Солеҳӣ гуфт, агар Амрико мехоҳад, “бо ин роҳ рӯёрӯиеро ба миллати Эрон таҳмил кунад, оқибатҳои он барои худи онҳо сангинтар хоҳад буд.”

Арбобсайр, ки дирӯз дар додгоҳ зоҳир шуд, худро бегуноҳ мешуморад, вале агар ҷурми ӯ исбот шавад ба ҳабси якумрӣ маҳкум хоҳад шуд.

Сафорати Арабистони Саудӣ барои пешгирӣ аз сӯиқасди эҳтимолӣ аз Иёлоти Муттаҳида ташаккур кард ва тарҳро як “нақзи манфури меъёрҳои байнулмилалӣ” номид, ки “ба усули башарӣ рост намеояд.”
XS
SM
MD
LG