Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Панетта аз тарҳи коҳиши хароҷоти ҳарбӣ


Вазири дифои Иёлоти Муттаҳида Леон Панетта эҳтимоли коҳиши буҷаи ҳарбии Амрикоро зери танқид гирифт. Дар ҳамоиши гурӯҳи ҳомиёни артиш Панетта гуфт, ин коҳиш сабаб хоҳад шуд, ки бо итмоми ҷанг дар Ироқ ва Афғонистон теъдоди низомиёни Иёлоти Муттаҳида кам карда шавад. Аммо ӯ ваъда дод, ки ин раванд тавре идора хоҳад шуд, ки ҳарбиён ва аҳли хонаводаи онҳо осеб набинанд. Бино бар қарори Конгресси Амрико маблағгузорӣ ба артиш дар даҳ соли оянда 1 триллион доллар камтар хоҳад шуд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG