Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Оғози баҳс дар муҳокимаи "тоҷири марг" Виктор Бут


Муҳокимаи гумонбари қочоқи аслиҳа Виктор Бут дар додгоҳи Ню Йорк аз баҳси додситонҳо ва дифоъгарон оғоз ёфт. Ёвари додситони кулли Иёлоти Муттаҳида Брендан Макгюир гуфт, Бут аз ғояти ҳирс талош кардааст, ба кормандони махфӣ аслиҳае фурӯшад, ки зидди ҳавопаймоҳои амрикоӣ дар Колумбия ба кор меравад. Аммо вакили Бут гуфт, ӯ бо иттиҳомоте боздошт шудааст, ки ҳаргиз масъулашон набудааст. Афсари пешини артиши Шӯравӣ, зодаи Тоҷикистон, Виктор Бути 44-сола гуфтааст, дар ҳеҷ муомилае таҳримҳои Созмони Милалро халадор накардааст.
XS
SM
MD
LG