Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ин ҳаракат 17 сентябр ба хиёбонҳои Ню-Йорк омад, ки дар оғоз аз тарафи расонаҳо ва нозирон ҷиддӣ гирифта нашуд.

Моҳи гузашта гурӯҳи хурди ҷавонон ҳирсу тамаъҷӯии ширкатҳои бузургро маҳкум намуда, бо тақозои адолат дар маркази молии Ню-Йорк, яъне дар яке аз паркҳои канори кӯчаи маъруфи Вол-Стрит урдугоҳе ташкил намуд.

Ҷунбиши “Вол-Стритро тасарруф кунед!” чандсад нафарро зери парчамҳояш ҷамъ намуда, дар баъзе шаҳрҳои Амрико, аз қабили Бостон, Чикаго, Вашингтон, Лос-Анҷелес ва Сан-Франсиско низ пуштибон пайдо кардааст.

Хабарнигори Радиои Фардо Ҳонои Ковиёнӣ дар як сӯҳбати телефонӣ бо Марк Брей, сухангӯи ҷунбиши “Вол-Стритро тасарруф кунед!” хоҳиш намуд, ибтидо дар бораи худаш ва поягузории ин ҳаракат иттилои бештар диҳад.



XS
SM
MD
LG