Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ташхиси ҳуввияти 16 зиндонии ҳалокшудаи қазоқ


Вазорати умури дохилаи Қазоқистон эълом кард, ҳуввияти 16 нафар аз зиндониро, ки зимни фирор кушта шуданд, мушаххас кардааст. Ба гузориши бахши қазоқии Радиои Озодӣ, ҳуввияти чаҳор ҷасади боқимонда, ки ба ҳадди ногуфтанӣ пора шудаанд, ҳафтаи гузашта муайян шуд. Шаби 10 ба 11 июл гурӯҳе аз зиндониёни зиндони Балхаш дар вилояти Қарағанда, бо қатли як посбони зиндон хостанд фирор кунанд, аммо муввафақ нашудаанд. Ба гуфтаи мақомот, зиндониён баъди талоши бенатиҷа ва муҳосираи нерӯҳои пулис, маводи мунфаҷираи бо худ доштаашонро ба ҳаракат дароварда худкушӣ карданд.
XS
SM
MD
LG