Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи Арманистон ҳукми як рӯзномаро бетағйир гузошт


Додгоҳи таҷдиди назари Арманистон, имрӯз ҳукми як рӯзномаи тарафдори мухолифинро бетағйир гузошт, ки ба он амр додаанд, барои тӯҳмату бӯҳтон ба хонаводаи Роберт Кочариён, раиси ҷумҳури собиқ 8 ҳазор доллар ҷуброн пардозад. Як соли пеш рӯзномаи “Замонак” навишта буд, ки Белла, хонуми Кочариён дар тиҷорати сердаромади доруворӣ даст дорад ва писари бузургаш Седрак соҳиби кони маъданҳои алмос дар Ҳинд аст. Барои ин мақола хонаводаи Роберт Кочариён, рӯзномаи “Замонак”-ро бо иттиҳоми бӯҳтон дар ҳаққи хеш ба додгоҳ кашида ва барранда шуданд. Вакили дифоъи рӯзнома гуфтааст, бетағйир гузоштани ҳукми мазкур бо амри мақомоти расмии Арманистон будааст.
XS
SM
MD
LG