Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷо Байден, ноиби раиси ҷумҳури Амрико, мегӯяд, Эрон барои тарҳи сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтон посух хоҳад дод. Пештар аз ин мақомоти Амрико гуфтанд, ки масъалаи инзивои бештари Эрон аз ҷомеаи байналмилалиро бо ҳукумати кишварҳои дигар баррасӣ мекунад. Мая Косиянчич, сухангӯи масъули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар вокуниш ба ин қазия гуфт:"Мо аминем, ки низоми додгоҳии Амрико ин қазияро ба зудӣ возеҳ хоҳад кард. Агар иттиҳомот дар бораи тарҳрезии амали террористӣ собит шавад, ин як нақзи бузурги қонунҳои байналмилалӣ хоҳад буд ва паёмадҳои ҷиддӣ хоҳад дошт. Ва мо аз ҳукумати Эрон даъват мекунем, бо низомии додгоҳии Амрико ҳамкории комил кунад." Мақомоти Амрико мегӯянд, ҷосусони эронӣ, саъй кардаанд, то бо дасти аъзои гурӯҳҳои қочоқбарони мексикоӣ Одил Ал-Ҷубайр, сафири Саудӣ дар Вашингтонро бикушанд. Мақомоти Амрико Мансур Арбобсайр шаҳрванди Амрикову Эрон бо ин иттиҳом боздошт кардаанд ва дуввумӣ Ғулом Шакурӣ, як узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар Эрон ба сар мебарад. Давлати Эрон иддаъоҳо доир ба тарҳи амали терористиро “дурӯғ” ва “бепоя” хонд ва имрӯз кордори сафорати Швейтсария дар Теҳрон, ҳофизи манофеъи Амрикоро ба вазорати умури хориҷа эҳзор кард ва эътирози расмиашро баён дошт. Амрикову Эрон 30 сол боз равобити дипломатӣ надоранд.
XS
SM
MD
LG