Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барномаи тарҳрезишудаи зиддирусӣ дар Тоҷикистон?


Юрий Попов-сафири Руссия дар Тоҷикистон

Юрий Попов-сафири Руссия дар Тоҷикистон

Сафири Русия дар Тоҷикистон, суханони бархе аз сиёсатмадорони тоҷикро сиёсати зидди Русия хондааст.

Юрий Попов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар як гуфтугӯ бо ҳафтавори «Бизнес и политика», чопи Душанбешаҳр гуфтааст, ки дар Тоҷикистон як барномаи тарҳрезишудаи зидди Русия пиёда мешавад.

СИЁСАТИ ЗИДДИ МАСКАВ ДАР ДУШАНБЕ?

Ба пиндори Юрий Попов, сафири Руссия дар Точикистон, расонаҳои хабарии ин ҷумҳурӣ тибқи ин барнома амал карда назари зидди Руссиягии бархе аз сиёсатмадорони Тоҷикистонро доман мезананд.

Раҳмон Ӯлмасов, устоди Донишгоҳи словянии Точикистону – Руссия дар гуфтугӯ бо РО вучуди хамчунин барномаи тарҳрезишудаи зидди Руссияро рад кард ва гуфт: «Программаи тарҳрезишуда шояд набошад. Вале андешаҳо ва назарҳо нисбат ба сиёсати Руссия вучуд дорад, ки муҳтавои он ба ҳама маълум аст. Бо вуҷуди ин, ман вуҷуди гурӯҳеро дар ин замина намедонам.»

Сафири Руссия дар мавриди вуҷуди сиёсати зидди Русси суханони як мансабдори тоҷикро бидуни овардани номаш мисол овардааст, ки гӯё ӯ дар як нишасти матбуотӣ дар робита бо ҳузури низомии Руссия гуфтаааст:
«Агар Руссия ба кишваре ҷанг кунад, дар он сурат маркази назоратии фазо мавсум ба «ОКНО» ё "ПанҶара" дар Норак бомбаборон хоҳад шуд».

"БАДКАРДА, БАДГУМОН АСТ"

Ба таъкиди коршиносон, суханони мансабдори тоҷикро наметавон ҷиддӣ арзёбӣ кард.

Ба илова, раисони расонаҳои хабарии чӣ давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон иддаоҳои доман задани эҳсоси зидди Руссияро рад карданд.
Камоли Қурбониён, сардабири «Ҷумҳурият», нашрияи расмии давлати Тоҷикистон мегӯяд: «Рӯзномаҳои давлатӣ ҳамчунин супоришиеро аз касе ё ниҳоде нагирифтаанд. Ҳар чи матолибе, ки мо чоп мекунем аз сиёсати идораи худи рӯзнома бар меояд».

Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи "Миллат"

Адолати Мирзо, сардабири ҳафтаномаи "Миллат"

Адолати Мирзо,сардабири ҳафтавори «Миллат» гуфт, ки ба қавли маъруф «бад карда бад гумон аст». Вай афзуд: «Чун Руссия дар Тоҷикистон расонаҳои хабарии пуштибони худро дорад ва ин расонаҳоро бо ҳар роҳу васила сармоягузорӣ мекунад, сафир низ мепиндорад, ки расонаҳои Тоҷикистон мисли расонаҳои русизабон бо фармоиши касе кор мекунанд. Мо мустақил ҳастем ва ба фармоиши касе ниёз надорем. Агар сафири Руссия чунин гумон дорад, ҷуз бадгумонӣ чизи дигаре нест».

АВВАЛ ГИРЕБОНИ ХУД БИБӮЙ...

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани милии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон низ вуҷуди ба қавли сафир барномаи тарҳрезишудаи зидди русиро рад кард ва гуфт, сафири мӯҳтарам бояд ин мавзӯъро дар лаҳни гуфтугӯҳои сиёсатмадорони Руссия ва Тоҷикистон ҷустуҷӯ кунад на дар саҳифаҳои нашрияҳо. Вай афзуд: «Дар Тоҷикистон ягон ниҳоде нест, ки барои бад шудани равобити Руссия ва Тоҷикистон иқдом кунад. Иддаои сафир аз иқдомоти носанҷидаву баҳсбарангези гуфтугӯҳои ниҳодҳои Руссия ва Тоҷикистон маншаъ мегирад, ки назари худро дар робита ба масоили баҳс рӯшан баён намекунанд ва ба расонаҳои хабарӣ иттилоъи дақиқ намедиҳанд. Журналистон бошанд дар баёни фикр озоданд, зеро ин имконро ба онҳо конститутсия додааст».

Ба назари таҳлилгарон ва раисони расонаи хабарии Тоҷикистон, на мақомоти Руссия ва на мақомоти Тоҷикистон дар бораи равобити ин ду кишвар ба хусус дар масоили баҳсбарангез амсоли ҳузури низомии Руссия дар Тоҷикистон, мавзӯи эъмоли боҷи давлатӣ дар содироти сӯхт ва назари Руссия дар робита ба сохтмони НБО- и Рогун ва гайра иттилоъи дакик намедиханд ва ин боиси бахсу баррасӣ дар сахифахои расонаҳои хабарӣ мешавад, ки дар ниҳоят ба ранҷиши ду тараф аз якдигар мунҷар мешавад.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG