Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар бомбгузориҳо дар Бағдод 23 нафар ҷон доданд


Дар силсилаи бомбгузориҳо дар шаҳри Бағдод имрӯз дасти кам 23 нафар кушта шуданд. Мақомоти Ироқ мегӯянд, як маргталаб мошини бомбгузоришудаашро ба идораи пулис дар ноҳияи Алвия равона карда 13 нафарро кушт. Дар як ҳамлаи шабеҳ дар маҳаллаи Ҳуррия чаҳор нафар кушта ва 40 тани дигар захмӣ шуданд. Дар бомбгузориҳои дигар дар маҳалҳои мухталифи Бағдод се нафар кушта ва 12 тани дигар аксараш сарбозон маҷрӯҳ шуданд.
XS
SM
MD
LG