Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи Қирғизистон тақозои Ботуровро рад кард


Додгоҳе дар ҷануби Қирғизистон дархости як раҳбари маҳаллии ӯзбактаборон барои хотима додан ба муҳокимаи додгоҳии ӯро рад кардааст. Бахтибек Русалиев, сухангӯи Додгоҳи олии Қирғизистон, гуфт, дархости расмии Қодирҷон Ботуров, пешвои иттиҳодияи ӯзбактаборон дар вилояти Ҷалолободро вакили дифоъаш ироа кардааст. Ботиров соҳибкор ва вакили пешини порлумони Қирғизистонро додгоҳ ҳамроҳ бо панҷ шарикаш ба “барангехтани адовати қавмӣ ва созмондиҳии низоъ миёни ӯзбаку қирғизҳо муттаҳам мекунад. Ҳамаи ин шаш нафар дар ғайбашон муҳокима мешаванд. Дар низоъҳои қавмии моҳи июни соли гузашта дар Қирғизистон бештар аз 400 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG