Пайвандҳои дастрасӣ

Натиҷаи бозиҳои мусобиқоти Euro-2012


Данияву Фаронса Юнону Русия ва Шветсия ба марҳилаи ниҳоии мусобиқоти футболи Аврупо дар соли 2012 роҳ ёфтанд, ки ин бозиҳо дар Украинаву Лаҳистон баргузор мешавад. Дар бозиҳои дирӯза Дания Португалияро бо ҳисоби 2 бар як шикаст дод ва барои Фаронса ҳисоби мусовии 1 бар 1 бо тими миллии Босния ва Ҳерсеговина кофӣ буд, ки роҳхатро барои марҳилаи баъдӣ ба даст орад. Испониё, Англия, Олмон ва Ҳолланду Итолиё низ бозиро соли 2012 идома медиҳанд.
XS
SM
MD
LG