Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исроил тавофуқнома бо Ҳамосро тасвиб кард


Ҳукумати Исроил тавофуқнома бо созмони Ҳамосро тасвиб кард, ки ҳосили он озодии як сарбози исроилӣ аст, панҷ сол боз дар асорати созмони Ҳамос аст. Дар ивази раҳоии Гилод Шалит, ки 25 июни соли 2006 асир афтод, Исроил бояд бештар аз 1000 фаластиниро аз зиндонҳои худ раҳо кунад. Зимни раъйгирӣ дар ҳукумат имрӯз 26 вазири ҳукумат ба ҷонибдорӣ аз ин тавофуқнома ва се нафар раъйи мухолиф доданд. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, интизор дорад, Гилод Шалит, ба зудӣ ба кишвар бармегардад. Ба гуфтаи давлати Исроил, Марвон Барғоутии фаластинӣ, ки ба зиндони якумрӣ Аҳмад Саодат, ки фармоишгари қатли вазири ҷаҳонгарии Исроил дар соли 2001 дониста шудааст, озод карда нахоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG