Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муроҷиати Ғаффор Мирзоев барои бознигарии парвандааш


Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди президентии Тоҷикистон таҳдид кардааст, ки агар парвандаи ҷиноии ӯро бознигарӣ накунанд, гуруснанишинӣ хоҳад кард. Ойиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев ба Радиои Озодӣ гуфт, бародараш ҳукми зиндони худро ноодилона медонад ва мехоҳад, то мақомоти расмӣ ба ин масъала расидагӣ кунанд: “Гуфт, ки ба додгоҳ муроҷиат кунед ва аз ман расонед, ки дар муддати як моҳ намояндаҳояшон бо намояндаи додситонӣ ва дастгоҳи президент, ҳар мақоми масъул, ки набошад, як комиссияи босалоҳият карда, биёянд, назди ман дароянд ва ба ман дуруст бифаҳмонанд. Агар ба ман дуруст фаҳмонда тавонанд, ки ҳукми ман дуруст аст, даст мебардорам, таслим мешавам ва менишинам дар ҳамин маҳбас. Ман ғуломи қонунам. Ҳеҷ вақт аз қонун рӯ нагардондаам. Аммо агар исбот накунанд ва дар муддати як моҳ наоянд, гуруснанишинии якумра, то мурдан гуруснанишинӣ мекунам». Ғаффор Мирзоев, дар гузашта аз атрофиёни наздики раиси ҷумҳур, фармондеҳи пешини Горди президентӣ ва мудири собиқи Оҷонси мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон соли 2004 дастгир ва аз ҷумла бо гуноҳи қатл, талош барои ғасби қудрат ва сӯистифода аз мақом ба ҳабси абад маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG